Имрӯз, 10-уми июл дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо иштироки сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Лутфулло Абдулло, аъзои ҳайати мушовараи Кумита — муовини якум ва муовинони Раиси Кумита, сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита ва дигар аъзои ҳайат, ҳамзамон намояндагони муассисаву ташкилот, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоти лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, роҳбарон ва кормандони зерташкилотҳо, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони Корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа фаъолияти раёсату шуъбаҳо ва воҳидҳои сохтории Кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони Корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои семоҳаи сеюми соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Аз ҷониби Раиси Кумита Низом Мирзозода ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти раёсату шуъбаҳо, корхонаҳо ва ташкилоти зерсохтори Кумита дар нимсолаи якуми соли 2026 шунида шуда, дар назди онҳо ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Инчунин оид ба масъалаҳо таъмини талаботи лоиҳавӣ ва меъёрӣ вобаста ба ташаккули инфрасохтори зарурӣ, андешидани чораҳо оид ба пешгирии сохтмони иншооти аз рӯи лоиҳаи нопурра, бе хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ, бе иҷозати мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва бе қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бунёдшаванда, таъмини назорати давлатии сифати корҳои сохтмонӣ, татбиқи Нақшаҳои генералӣ ва Лоиҳаҳои муфассали банақшагирӣ, риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ ва масолеҳи баландсифат дар сохтмон, баланд бардоштани донишҳои касбӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва инноватсия, рақамикунонии соҳа, дар фаъолияти корӣ татбиқ намудани таҷрибаи кишварҳои пешрафта, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва низоми электронӣ, назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва ғайраҳо вазифагузориҳо сурат гирифт.
Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои зертобеъ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ҷиҳати рафъи камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта дар самтҳои гуногуни фаъолият ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа кормандони соҳа барои хизмати шоиста, комёбӣ ва дастовардҳои назаррас дар соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо мукофоти соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Аз натиҷаи баргузории ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиб қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.



