Пас аз дастури Президенти кишвар вазорати маориф ва илм баҳри тақвияти омӯзиши хатти ниёгон гурӯҳи корӣ ташкил додааст.
Дар шашмоҳи гузашта 7 санади ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва инноватсия бо Бритонияи Кабир, Озарбойҷон, Чин, Кипр ва Гурҷистон ба имзо расидааст ва ин созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, ҷудо гардидани бурсияҳо ва омӯзиши забонҳои хориҷиро мебошад. Дар ин давра 30 мулоқоти сатҳи баланд бо намояндагони кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва шарикони рушд баргузор гардидааст. Дар ҳоли ҳозир 17 кишвари ҷаҳон барои шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ пешниҳод кардаанд.
Ин гуфтаҳо имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми кишвар таъкид гардид.
Шарифиён Абдурофеъ, Овози тоҷик.



