Имрӯз, 24 август дар кишвари Босния ва Ҳерсоговина мусобиқаи “SARAJEVO WORLD CHAMPIONSHIPS CADETS 2022” оид ба ҷудо шурӯъ гардида, то 28-уми август идома мекунад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа танҳо Аминҷони Абдулфайёз муаррифӣ мекунад.
Бино ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон варзишгарон аз ҳамаи 6 қитъаи олам иштирок мекунанд. Интизор меравад, ки дар ин мусобиқа 484 ҷудокор аз 60 кишвар аз рӯи 16 вазн (8 вазн миёни писарон ва 8 вазн миёни духтарон) ширкат варзанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Аминҷони Абдулфайёз зери вазни то 73 кг зери роҳбарии мураббӣ Аслон Худоиев намояндагӣ мекунад.
Ҳамчунин дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ довари тоҷик – Рамзи Шамилов ҷараёни рақобатҳоро ҳакамӣ хоҳад кард.
Ҷудокори кишвари мо Аминҷони Абдулфайёз (-73 кг) рӯзи дуюм сабқатҳоро оғоз мекунад. Рақиби ҷудокори кишварамон ғолиби ҷуфти Тарас Ниелзиев аз Украина ва Наҳид Таргулийев аз Озарбойҷон хоҳад буд.