24 августи соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко мулоқот намуд, ки дар он ҷонибҳо асосан ба масъалаи ҳарчи бештар рушд додани ҳамкориҳо таваҷҷӯҳ намуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо аз вазъи кунунии ҳамкориҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.