Аз 14 то 18 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе “Бозиҳои XVI-уми Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” доир мегардад. Дар ин бора Марям Холиқзода , корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ дод.
Ба зикри манбаъ, масъулони баргузории ин чорабинии байналмилалӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ буда, тибқи қарори Шӯрои Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 18 декабри соли 2020, чорабинии мазкур бахшида ба эълон гардидани “Соли ҳунарҳои мардумӣ ва мероси фарҳангӣ дар ИДМ” ва 20-солагии Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад.
«Ба ҳайати кумитаи тадорукот Муовини Сарвазири мамлакат-Раиси кумитаи тодрукот, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини Раиси кумитаи тадорукот, муовини вазири фарҳанг-котиби кумитаи тодрукот ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дохил мешаванд»,-навиштааст манбаъ.
Ба иттилои мавсуф, дар чорабинӣ зиёда аз 500 нафар истеъдодҳои ҷавон аз синни 10 то 25, аз тамоми кишварҳои ИДМ, аз рӯи номинатсияҳои фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, сарояндаи академӣ, сарояндаи халқӣ, сарояндаи эстрадӣ, рақси халқӣ, созҳои нафасӣ, созҳои халқӣ, ҳунарҳои мардумӣ иштирок менамоянд.
Гуфта шуд, ки ба ҳайати ҳакамон қариб 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ шомил мебошанд. Конфронси байналмилалӣ коршиносонро аз хориҷи дуру наздик ба ҳам меорад, ки мавзӯи асосӣ 20-солагии ҷашни нахустини баргузории Бозиҳо мебошад. Худи Бозиҳо аз рӯи 7 номинатсия ва 3 барномаи фестивалӣ доир гардида, чорабиниҳо дар толорҳои муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанг гузаронида мешаванд.
Дар чорабинӣ иштироки ҳайатҳо аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Озорбойҷон, Арманистон ва Белорус дар назар аст. Айни замон аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Озорбойҷон ва Белорусия дархостҳо ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ пешниҳод гардиданд.
Маросими ифтитоҳи расмӣ ва пушидашавии чорабинӣ дар Театри давалатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир гардида, Конференсии байналмилалӣ дар мавзӯи “Бистсолагии Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои ИДМ, таърих ва дурнамо” дар Китобхонаи милли Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳамзамон, иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи “Наврӯз”, Майдони “Истиқлол” ва Боғи “Ирам” дидан хоҳанд кард.