Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2026 фаъолияти байналмилалии худро тавсеа бахшида, дар самти густариши ҳамкориҳои хориҷӣ, табодули академӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.Дар ин бора ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ аз донишгоҳ боздид намуда, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо, роҳандозии барномаҳои муштарак ва табодули академиро баррасӣ карданд. Ҳамзамон, ҳамкориҳои донишгоҳ бо Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Исломии Рушд низ тақвият ёфта, як қатор лоиҳаҳои муштарак амалӣ мешаванд. Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ донишгоҳ бо 23 муассисаи таҳсилоти олии Филиппин, Туркия, Покистон, Корея, Малайзия, Чин, Арабистони Саудӣ, Россия, Беларус, Ӯзбекистон ва Қазоқистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Бо ин шумораи умумии созишномаҳои байналмилалии донишгоҳ ба 350 расид. Ҳамчунин, дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ду форуми байналмилалӣ баргузор гардида, бо Донишгоҳи масъалаҳои об, муҳити зист ва тандурустии СММ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар самти табодули академӣ 51 донишҷӯ барои таҳсил ба донишгоҳҳои хориҷӣ сафарбар шуда, 10 нафар омӯзгор барои такмили ихтисос ба Ҳиндустон фиристода шуданд. Ҳамчунин, донишгоҳ барои дарёфти аккредитатсияи байналмилалии QAA ва иштирок дар радабандии ҷаҳонии QS ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи Убайдулло Асрорзода, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби шарикони нав аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ боқӣ мемонад.
Дилнозаи Абдумалик,
радиои «Овози тоҷик»



