Дар ҳошияи Саммитҳои ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ (WSIS+20) ва Зеҳни сунъӣ, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар ҷаласаи сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDCs) ба ҳайси Ҳамоҳангсози гурӯҳ суханронӣ намуд.
Дар доираи суханронӣ мавқеи муштараки кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC) вобаста ба тавсеаи пайвастшавии рақамӣ, татбиқи ҳадафҳои Барномаи амалии Аваза ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ баён гардида, таҷриба ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, пешбурди инноватсия ва истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ муаррифӣ гардиданд.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ва суханронӣ аз номи Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бозгӯи нақши фаъоли кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад



