Ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Узбекистон бо роҳбарии раиси ин Иттифоқ Олимҷон Усаров имрӯз дар толори муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо ҳампешагони худ вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ин бора мухбири радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амонова хабар дод.
Дар оғози мулоқот раиси “Академияи ВАО”-и кишвар Саъдӣ Маҳдӣ суханронӣ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистон, бахусу ба Душанбешаҳри нозанин хайрмақдам намуд. Номбурда дар идома иброз намуд, ки бо шарофати ташаббусҳои наҷиби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои ду давлат ба марҳилаи нав баромаданд. Ин раванд аз рушди дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар шаҳодат медиҳад.
Сипас, Раиси Иттифоқи журналистони Узбекистон Олимҷон Усаров баромад намуда, иброз дошт, ки мо аз бисёр ҷойҳои Тоҷикистон дидан кардем ва кишварро хеле зебо ва дар ҳоли гулгулшукуфоӣ дарёфтем. Асосан, боду ҳаво ва табиати зебои он ба мо писанд омад. “Мо бо паеми дӯстӣ омадем ва онро бо худ мебарем”,- гуфт Олимҷон Усаров.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таъсис додани рӯзномаи муштарак ба мувофиқа расида, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” гуфт, ки нашри рӯзномаи мазкур моҳи ноябр ба нақша гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи ин сафар меҳмонон бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос мегарданд.
Сафари ҳайати меҳмонон аз 12 то 16 октябр ҷараён гирифта, дар идомаи он рӯзноманигорони Узбекистон аз шаҳрҳои Турсунзода, Норак, Панҷакент ва ноҳияи Данғара дидан менамоянд.