Намояндагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии «Бехатарии молиявӣ», ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия, рӯзҳои 10-14 октябри соли равон доир гардид, фаъолона иштирок намуданд. Донишгоҳро дар ин озмун муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров, Мирсаидов Некбахт, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт аз фанни «Бехатарии информатсионӣ», Рабизода Маҳваш, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси кори бонкӣ ва Ҷӯрахонов Муҳаммадамир, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси молия аз фанни «Бехатарии молиявӣ» намояндагӣ карданд.
Бояд қайд намуд, ки дар олимпида 500 нафар иштирокчӣ аз 12 давлати ҷаҳон ширкат доштанд. Донишҷӯёни ДДМИТ дар «Мастер классҳо», ки дар мавзуъҳои «Бехатарии молиявӣ», «Фарогирии молиявӣ», «Идоракунии молиявӣ», «Кибератака» ва ғайра баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, соҳиби Сертификатҳо гаштанд.
Дар ҳошияи олимпиада Форуми байналмилалии «Бехатарии молиявӣ» баргузор гардид, ки дар бахши «Маърифати молиявӣ» муовини ректор оид ба илм Б. Сафаров дар мавзуи «Рушди маърифати молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, вобаста ба «Стратегияи фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва дигар чорабиниҳои дар ин самт баанҷомрасида маълумот дод.
Ҳамин тавр, устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ дар арсаи байналмилалӣ таълимгоҳро муаррифӣ намуда, соҳиби сертификатҳо гардиданд, ки ин ҳам як дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад.
Ректори донишгоҳ муҳтарам Ҳакимбек Абдуалимзода зимни ҷаласаи махсус ғолибону иштирокчиёни ин озмуни байналмилалиро бо ин муваффақият таҳният намуда, барояшон дар оянда барору комёбӣ ва фатҳи қуллаҳои навро орзу намуд.