Бо мақсади рушди ҳамкориҳои минбаъда бо олимони сатҳи ҷаҳонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони соҳаҳои ҷарроҳӣ, гастроэнтрология, мадҳушкунӣ-эҳёгардонӣ, радиология, бемориҳои занона ва дил бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд , 21 октябри соли 2022 дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” якумин “Конгресси байналмилалии тиббии давлатҳои Авруосиё” бахшида ба масъалаҳои афзалиятноки соҳаҳои ҷарроҳӣ, гастроэнтерология, мадҳушкунӣ-эҳёгардонӣ, радиология, бемориҳои занона ва дил баргузор гардид.
Дар конгресси мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якум ва муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зеки Карагёл, роҳбари Намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Виктор Олшавский, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахт, ҳамзамон меҳмонон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла профессорон Гурбанхан Муслумов, Рашад Махмудов, доктори илми тиб Фарид Рафиев ва Гунай Алиева аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, профессорон Майкл Гебел, Андрэас Шриер, Ҷорҷ Кэлер, Дениз Уяк, докторони илми тиб Волфганг Ванноф ва Ҷорг Кампен аз Ҷумҳурии Федералии Олмон, профессорон Эмел Канбай, Ахмет Кале, Дениз Думан ва доктори илими тиб Раҳиб Ҳасан аз Ҷумҳурии Туркия ва доираи васеи кормандони соҳаи тиб иштирок намуданд.
Бахшида ба баргузории ҳамоиши мазкур намоишгоҳи муассисаҳои зерсохтори вазорат, ширкатҳои ватанӣ, ки ба истеҳсоли маводи доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахши ватанӣ машғуланд, доир шуд, ки роҳбарияти вазорат ва меҳмонон аз он дидан намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки то оғози чорабинӣ ба таври мустақим ҷарроҳиҳои нодир бо иштироки мутахассисони байналмилалӣ анҷом дода шуданд, ки дар натиҷа бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ яке аз усулҳои муосири ҷарроҳиҳои сатҳи ҷаҳонӣ гузаронида шуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро ифтитоҳ намуда, нахуст меҳмононро ба Тоҷикистони биҳиштосо хайрамақдам намуд. Номбурда иброз дошт, ки аввалин маротиба дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон як рӯйдоди муҳим дар раванди рушди иҷтимоии кишвар, яъне якумин “Конгресси байналмилалии тиббии давлатҳои Авруосиё” баргузор мегардад, ки дар он дастовард, масъалаҳои муҳим ва мушкилоти мавҷудаи яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии имрӯза мавриди баррасии якҷоя ва муҳокимаи олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ қарор дода мешавад.
Қайд гардид, ки пешравии имрӯзаи фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳс бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад, ки масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро равандҳои афзалиятноки рушди сиёсати иҷтимоии кишвар муайян намуда, баҳри беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ва дастрасии он мунтазам дастуру супоришҳои мушаххас ироа менамоянд.
Гуфта шуд, ки дар шароити имрӯза инфрасохтор ва муҷаҳҳазгардонии иншооти тандурустӣ, мукаммалсозии захираҳо ва маблағгузории соҳа тавассути гузаронидани ислоҳотҳои гуногун таъмин гардида, ба беҳтар гардидани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар мусоидат намуда истодааст.
Зикр гардид, ки сол то сол дар раванди ташхису табобати беморон бо истифодаи усулҳои наву муосир, аз ҷумла истифодаи бештари технологияҳои муосири тиббӣ дар кишвар зина ба зина ба роҳ монда, мутахассисони баланди касбӣ омода шуда истодаанд, ки ин омил барои коҳиш додани рафтани беморон ба хориҷа барои ташхису табобат мусоидат карда истодааст.
Дар ин раванд, бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, танҳо дар 9 моҳи соли 2022 дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусии тиббии мамлакат 896 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 1777 амалиёти ангиография ва 969 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ, инчунин, ба 549 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва 167 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шудаанд. Бояд қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ танҳо соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 118 539 ҷарроҳиҳо гузаронида шуданд.
Аз он ҷумла, дар ҷумҳурӣ то имрӯз дар маҷмӯъ ба зиёда аз 1018 нафар бемор амалиёти пайвандсозии гурда, ба 110 нафар бемор ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар ва ба 15 нафар амалиёти пайванди мағзи устухон анҷом дода шудааст. Дар 9 моҳи соли 2022 бошад, ба 111 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда, ки аз ин теъдод 6 нафар кӯдак ва 30 нафар шаҳрванди хориҷи мебошад, анҷом дода шудааст. Инчунин дар ин давра ба 34 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шудааст, ки аз ин теъдод 3 нафар кӯдак ва 3 нафар шаҳрванди хориҷӣ мебошад.
Дар соҳаи саратоншиносии кишвар усулҳои муосири ҷарроҳӣ ба роҳ монда шудаанд, аз ҷумла ҷарроҳии Люис+D2 лимфодиссексия, намуди гибридӣ (лапаротомия+эндовидеоторакотомия) ҳангоми саратони сурхрӯда, нефрэктомия бо усули эндовидеоҷарроҳӣ, тромбэктомияи ҳолибии саратони гурда, резексияи панкреатодуоденалӣ, гемигепатэктомия бо усули эндовидеоҷарроҳӣ, резексияи трансхиаталии сурхрӯда, экстирпатсияи васеи бачадон бо зоидҳояш (ҷарроҳии Вертгейм), усулҳои ҷарроҳии узвнигаҳдоранда ҳангоми саратони ғадуди ширӣ, ҷарроҳиҳои калонҳаҷми омосҳои бадсифати бофтаҳои мулоим ва устуғон бо истифодаи эндопротези саратонӣ, ҷарроҳиҳои эндовидеоии омосҳои бадсифат дар узвҳои шикам ва кафаси сина (нефрэктомия, эктерпатсияи бачадон, лобэктомия, тимомэктомия, биопсия) ба роҳ монда шудаанд.
Дар соҳаи ҷарроҳии чашм бошад, усулҳои муосири плазмолифтинг дар бемории реши трофикии қарния, гузоштани зуҷоҷи манфии дохиличашми бо бемории анизометропияи наздикбинӣ, калон кардани гиреҳҳои себаки чашм ҳангоми эвисероэнокулиятсия ҷорӣ карда шудаанд.
Дар ҷарроҳии қафаси сина ҷарроҳии кифосколиозҳои қисмати қафаси синагии сутунмуҳра, усули дискотомияи фонашакли коррексионӣ, бо фиксатсияи транспедикулярии трансторакалӣ, резексияи қисмати тангшудаи трахея бо трахеопластика амалӣ гардидаанд. Дар самти ҷарроҳии ҷоғу рӯй, ин истифодаи пластинаҳои реконструктивии титанӣ ва эндопротезҳои буғумии чаккаву ҷоғи поён мебошанд.
Дар 9 моҳи соли 2022 ба 549 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ гузаронида шудаанд. Дар баробари ин, эндопротезкунонии буғуми китф, резексияи омос бо эндопротезкунонии диафизи устухони рон, усулҳои тармими устухон якчоя бо ҳучайрадармонӣ, бо истифодаи “Остеоматрикс”, технологияи остеосинтез бо истифодаи воситаҳои титанӣ, лавҳаи “Гамма” анҷом дода шуданд.
Дар соҳаи урология нефролитолапаксияи перкутантӣ, ҳангоми сангҳои гурда, уретропластикаи аугментатсионӣ бо истифодаи пардаи луобии лунҷ, ҷарроҳии бартараф намудани уретроселе тавассути лазери Голминӣ, ҷарроҳии слинги трансобтураторӣ бо усули “TVT”, пневолитотрипсияи трансуретралии сангҳои холиб, амалиёти “Турпростата”, амалиётҳои муосири реконструктивии уретра бо истифодабарии аутотрансплантҳо, пластикаи уретра бе буриши ҷисми спонгиозӣ ҳангоми стриктура, амалиёти узвҳифзкунанда ҳангоми саратони гурда, амалиётҳои мураккаби стриктураҳои дарозандозаи уретра ва аугментасионии масона ҳангоми дисфунксияи нейрогении масона гузаронида шудаанд.
Дар ҷумҳурӣ бо назардошти дастрас гардидани таҷҳизоти нанотехнологии муосир тавассути сӯрохиҳои табии бинӣ имконияти буридани омосҳо ба миён омадааст (эндоназальное удаление опухоли гипофиза). То ин замон зиёда аз 300 чунин амалиётҳо бо натиҷаҳои қаноатбахш иҷро карда шуданд.
Мутахассисони соҳаи тиб дар ин ҷода фаъолияти хешро идома дода, барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморон барои мукаммал намудани таҷрибаи хеш аз истифодаи усулҳои муосири ташхису табобат пайваста кушиш менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар даврони Истиқлолият бо кишварҳои хориҷи дуру наздик тадриҷан беҳтар гардида истодаанд ва баргузории чорабинии имрӯза низ далели боэътимоди гуфтаҳои боло мебошад.
Баъдан, як қатор меҳмонон бо сухани ифтитоҳӣ баромад кардаву барои баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд ба ҷониби Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки омодаи густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ мебошанд.
Пасон конгересс дар бахшҳои алоҳида, аз ҷумла баргузории семинарҳо ва мастер классҳо оид ба ҷарроҳӣ, эндоскопия, радиология, ултрасонография, онкология, гастроэнтрология бо иштироки табибони варзидаи хориҷӣ ва ватанӣ идома ёфт.
Конгресси мазкур пагоҳ, 22 октябр низ ба кори худ идома хоҳад дод.