Маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия 24 октябри соли равон дар Театри хурди давлатии академии шаҳри Москва бо иштироки доираи васеи аҳли фарҳангу ҳунари шаҳр баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии чорабинӣ муовини Сарвазири Федератсияи Руссия Алексей Логвинович Оверчук иштирок намуд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Чорабиниро Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода ва Муовини вазири фарҳанги Федератсияи Руссия Манилова Анна Юревна ифтитоҳ бахшида, баргузории Рӯзҳои фарҳангиро дар ин сарзамин рӯйдоди фараҳбахшу беназир арзёбӣ намуданд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи ҳунармандони бомаҳорати тоҷик манзури тамошобинони шаҳри Москва гардид.
Ҳунармандони боистеъдоди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Шарофат Усмонова ва Манучеҳр Раҳмонов, овозхонони машҳури Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Раҳматулло Ҳошимов ва Фирдавс Ҳошимов, ҳунармандони шинохта Муҳаммадрафии Кароматулло, Нигина Амонқулова, Чоршанбе Аловатов, Хайриддини Шариф, Зафар Абдуалимов, Олимҷон Солиев, Хуршед Иброҳимов ансамблҳои рақсии “Зебо” ва “Гулрез”, ромишгарони бомаҳорату ҳунармандони хушсалиқа бо барномаи хотирмону диданӣ дар саҳнаи Театри хурди шаҳри Москва баромад карданд.
Ҳамзамон, дар саҳни Театр намоиши ҳунарҳои мардумии устоҳои чирадасти тоҷик баргузор гардид, ки аз ҷониби тамошобинон самимона пазироӣ гардид.
Хотиррасон мешавем, ки Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Руссия идома дошта, фардо, 26 октябр дар шаҳри Уфа идома меёбад.