
Рӯзҳои 20-21 октябри соли 2022 дар шаҳри Тошканди Узбекистон конфронси байналхалқии илмӣ-амалӣ зери унвони “Бунёди силшиносии миллӣ-сарчашма ва дурнамои навовариҳо дар пешгирӣ, ташхис ва табобат” бо иштироки мутахассисони соҳа баргузор гардид.
Дар ин конфронс дар баробари намояндагони дигар кишварҳо, ҳамчунин намояндагони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар конфронс вазъи имрӯза ва дурнамои ташхис, пешгирӣ ва табобати бемории сил бо истифодаи усулҳои нави табобат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар чорабинӣ директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” Рустам Нуров дар мавзуи “Вазъи эпидомологии бемории сил дар Тоҷикистон” ва корманди Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” Шодмон Хушвахтов дар мавзуи “Таҷрибаи Тоҷикистон дар ошкорсозии барквақтии бемории сил бо истифодаи дастгоҳи рентгении сайёр бо зеҳни сунъӣ” баромад карданд.