
Вазири тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикстон Ҷамолиддин Абдулозода зимни сафараш ба Эрон аз роҳандозии ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи тандурустӣ, аз он ҷумла, дорусозӣ , доруҳои гиёҳӣ ва тибби суннатӣ ва таҷрибаандузии мутахассисони тоҷик дар Эрон хабар дод. Дар ин бора радиои ”Овози тоҷик” дар истинод ба хабаргузории “Хабари форсӣ” иттилоъ медиҳад.
Вазири тандурустии Тоҷикистон бо ишора ба боздидаш аз бемористони вилояти Машҳад гуфт: «Дар ин сафар мо бовар доштем, ки дониши пизишкӣ дар Машҳад бисёр рушд кардааст ва имконоти беҳдошт ва табобат дар Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад намуна барои вазоратҳои тандурустӣ ва табобат дар кишварҳои минтақа бошад».
Абдуллоҳзода изҳор дошт, ки имкониятҳои муассири пизишкӣ ва табобатӣ дар марокизи пизишкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф ба мисли мубориза бо бемориҳо, анҷоми ҷарроҳиҳои гуногун ва беҳдошти иҷтимоъиро бо истифода аз фанновариҳои пешрафтае, ки дар Эрон вуҷуд доранд, метавон созмон дод. Мутахассисони мо ба наздикй сафарҳои худро ба Машҳад барои донишандузӣ оғоз мекунанд.
Вай гуфт, ки яке аз зарфиятҳои ҳамкориҳои муштарак тавлиди доруҳои гиёҳӣ ва тибби мардумист. Имрӯз миёни Эрон ва Тоҷикистон дар заминаи доруҳои гиёҳӣ ҳамкориҳои густурда вуҷуд доранд. Воқеан, бо такя ба мавҷудияти беш аз 5500 навъи гиёҳҳои шифобахш дар Тоҷикистон метавонем аз дониш ва зарфияти коркарди он дар Эрон истифода кунем.
Муҳаммад Алӣ Киёнӣ, раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад низ ба имзои як ёддошти муштараки тафоҳум миёни Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳад ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон ишора карда, гуфтааст: ” Пас аз боздиди мо аз бемористонҳо ва Донишгоҳи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чанд моҳ пеш имкони қабули донишҷӯёни тоҷик ба ихтисосҳо ва зертахассусҳо дар Машҳад фароҳам оварда шуд ва илова бар ин, ба зудӣ заминаи зарурӣ фароҳам оварда мешавад, ки беморон аз сайёҳии саломатӣ бархурдор гарданд”.
Ёдовар мешавем, ки Вазири тандурустии Тоҷикстон, Ҷамолиддин Абдулозода тӯли чанд рӯзи охир бо сафпри корӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад.