
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода барои расондани ёрии назаррас дар ҳалли проблемаҳои истеъмолкунандагон ва некуаҳволии инсон бо медали хотиравии “100 солагии Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Россия”-и Хадамоти федералии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Россия- Роспотребнадзор қадрдонӣ карда шуд.
Маросими тақдими медали хотиравӣ зимни як ҷаласа дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, роҳбарияти Хадамоти федералии назорат оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Россия- Роспотребнадзор иштирок намуданд.