Дар Амрико ба далели нотавон будани Президент истеъфои ӯро талаб доранд. Ин пеҳниҳодро муаллифи «American Thinker» намудааст.
Муаллифи портали «American Thinker» Андреа Уидбург президенти ИМА Ҷо Байденро сиёсатмадори «пӯсида» номид ва хостори истеъфои ӯ шуд.
«Дар ду рӯзи охир мо дидем, ки майнаи Байден пӯсида истодааст, дар ҳоле ки бадани ӯ зиндагӣ карданро идома медиҳад. Вай дар вақти воқеӣ бо микрофон сухан ронда, дурӯғ мегӯяд, далелҳоро аз «ҳаёти худ» мебофад ва сафсатаҳои нофаҳмо мегӯяд», — гуфт журналист.
Ба гуфтаи муаллифи нашрия, умеди демократҳо барои нигоҳ доштани назорат бар Маҷлиси намояндагон бефоида аст ва суханрониҳои пешазинтихоботии Байден танҳо мавқеи ҳизбашро бадтар кардааст.
Байден, ки имсол 80-сола мешавад, куҳансолтарин Президенти Амрико дар таърих шуд. Вай мунтазам ба ҳолатҳои хандовар дучор мешавад, ки мухолифонаш синну сол ва мушкилоти эҳтимолии саломатиро сабаби ин медонанд. Ӯ ҳоло дигарбора номзад ба мақоми президентист.