Ҳавопаймои суқуткардаи ширкати «Precision Air» дар кӯли Виктория ба иттилои расонаҳо ҳомили 53 сарнишин будааст, ки 49 нафарашон мусофир будаанд.
Ҳавопаймои мусофиркаш дар Танзания дар кули Виктория суқут карда, феълан дар макони ҳодиса амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад.
Ҳавопаймо, ки ба ширкати «Precision Air», бузургтарин ширкати хусусии ҳавоии Танзания тааллуқ дорад, ҳангоми фуруд дар шаҳри Букоба суқут кардааст, хабар дод «Tanzania Business Insight».
Ба иттилои расонаҳои маҳалллӣ, ин ҳавопаймо аз шаҳри Доруссалом парвооз кардааст.
Таъкид шудаст, ки дар ҳангоми фуруди ҳавопаймо дар майдони ҳавоии Букоба шамоли сахт ҳукмфармо будаст.
Манобеи маҳаллӣ гуфтанд, то ҳол 26 нафар аз сарнишинҳо наҷот дода шуда, амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад.