Илон Маск аз амрикоиҳо даъват кард, ки дар интихоботи миёндавраии Конгресс ба тарафдории ҷумҳурихоҳон овоз диҳанд. Дар ин бора «Ewronews» иттилоъ додааст.
Соҳиби «Tesla» ва «SpaceX» тавсияи худро бо зарурати мувозинати президенти демократӣ шарҳ дод. Илон Маск дар Твиттер навиштааст, ки «барои оне, ки тақсими қудрат ба ҳарду ҷониб ба сатҳи ифрот наравад, ман тавсия медиҳам, ки ба тарафдории ҷумҳурихоҳон овоз диҳанд», — гуфтааст Маск.
Ба андешаи ӯ, тарафдорони ашаддии демократҳо ё ҷумҳурихоҳон ҳеҷ гоҳ ба ҷониби дигар овоз намедиҳанд. «Аз ин рӯ интихобкунандагони мустақил тасмим мегиранд, ки кӣ дар сари қудрат хоҳад буд»,-навиштааст ӯ.
Вақтҳои охир Илон Маск, ки ба тозагӣ «Твиттер»-ро харид, кӯшиш мекунад, ки ба сиёсати ҷаҳонӣ таъсир расонад.
Бояд гуфт, ки демократҳо дар интихоботи ҳозира бо ёрии раҳбарони собиқадору бонуфузи худ, ба мисли Барак Обамаву Бил Клинтон, ба майдони таблиғот даромаданд.
Ҷумҳурихоҳон чеҳраҳои маҳдудро ба майдон бароварданд ва танҳо чанд ҳафтаи охир симои Доналд Трамп барҷастатар намудор шуд. Ӯ дар навбати худ ишораҳое кард, ки имкон дорад, дар интихоботи президентии соли 2024 рақобат кунад.