Коршиносон бар онанд, ки дар ояндаи наздик Аврупо ва кишварҳои Ғарб метавоананд ба буҳрони шадиди ғизоӣ ва норасоии ғалла рӯ ба рӯ шаванд.
Дар бораи он, ки ба қитъа бӯҳрони ғизоӣ наздик мешавад, матбуоти Аврупо, ки баъзан аз банди кӯтоҳи ҳисоботу назоратро канда мешавад, ҳануз дар моҳи июл хабар дода буд.
«Дар ҳафтаҳои наздик Аврупо метавонад ба камбуди гандум рӯ ба рӯ шавад. Федератсияи кишоварзон аз ҳосили пасти ғалладона ба далели шароити номусоиди обу ҳаво, бахусус хушксолӣ ҳарос дорад. Ғаллакорон дар мавриди дигар зироатҳо, ба мисли марҷумак изҳори нигаронӣ карданд. Дар навбати худ, ин омилҳо метавонанд боиси норасоии орди навъхои гуногун шавад”.
Мақолаҳо, ки аз мушкилоти Фаронса дар бораи ҳосили зироатҳои асосӣ хабар доданд, ҳанӯз 15 июли соли равон нашр шуда буданд.
Пас аз камтар аз шаш моҳ, роҳбарияти ду ширкати ритейлерӣ «Leclerc» ва «Super U», пешгӯиҳои боз ҳам бадтарро нашр карданд. Аз нуқтаи назари Мишел-Эдуард Леклер ва Доминик Шоелшер, кишвар метавонад ба таваррум бесобиқаи нархи ғизо рӯбарӯ шавад (ба гуфтаи хонум Леклер, он метавонад то охири сол тақрибан ба 17 дарсад, агар дурусташро гӯем 16,9 дарсад ва ҷаноби Шолшер чунин мешуморад, ки ба ғайр аз ин, камаш даҳ фоизи навъхои муқаррарии маҳсулот дигар фурӯхта намешавад).Рӯзномаи “Монд” аз фурушандагон ақиб намонд. Он рақамҳои пешниҳодкардаи фурӯшандагонро тасдиқ карда илова кардааст, ки Фаронса дар айни замон сатҳи таваррумро аз сар мегузаронад, ки дар ин аср бесобиқа аст ва бори охир чунин нархи баланд дар мағозаҳо беш аз 30 сол пеш дида мешуд.
Аҷиб ин аст, ки созиши ғалла, ки чанд рӯз пеш Русия ба далели нақзи шартҳои иҷрои он ширкаташро дар он мутаваққиф кард, рӯзи 22 июл эътибор пайдо кард. Маҳз дар ҳамон лаҳзае, ки расонаҳои аврупоӣ ба нашри мақолаҳо дар бораи эҳтимоли гирифтани ҳосили паст ба сабаби обу ҳавои номусоид ва дар натиҷа, норасоии зироатҳои ғалладона дар қитъа шурӯъ карданд.
Инро як тасодуф мешуморем. Боз як тасодуфи дигаре, ки на он қадар оддист.Ба гуфтаи СММ, ки тавофуқи ғалларо назорат мекард ваа музокирот таҳти сарпарастии ӯ сурат гирифтааст, 47 дарсади ғалладонае, ки тариқи долони баҳр содир мешавад, ба кишварҳои дорои “даромади баланд” рафтааст. 27 дарсади ғалла ба давлатхои “даромади миёна ва баланд” фиристода шуд. Ва ҳамагӣ як дарсад камтар, яъне 26 дарсад ба кишварҳои фақир содир шудаааст.
Олмон, тибқи ҳамон рақамҳои СММ, назар ба Яман ду баробар зиёдтар ғалла гирифтааст. Ва Фаронса — ҳамон қадаре ки ба Сомалӣ доданд. Дар баробари ин, Олмон ва Фаронса дар қатори даҳ кишвари беҳтарин — истеҳсолкунандагони асосии ғалла дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.
Агар мо на танҳо силсилаи худи вокеаҳоро ба назар гирем, аз хашму ғазаби “ҷомеаи байналмилаӣ ба рафтори Русия” сар карда, ба нархи маҳсулот дар Аврупо назар андозем ва инчунин вазъиятҳоро муқоиса кунем, барои мисол паррандаҳои хонагии аврупоӣ чӣ ғизо медиҳанд, деҳқонони аврупоӣ ба чорво ва хукҳо чӣ хӯрок медиҳанд, маълум мешавад, ки хӯроки онҳо тақрибан танҳо аз ғалладонагиҳо иборат аст. Аввал гандум аст ва дуюм ҷуворимакка аст.
Ҷамъоварии гандум, чунон ки шаш моҳ пеш аз ин ба мо маълум шуда буд, паст шуд ва мувофики маълумоти вазорати кишоварзии Фаронса, ин назар ба ҳосили тобистону тирамоҳи соли гузашт ду миллион тонна камтар аст. Акнун, бояд болоравии нархи сӯзишвориро илова кард ва ба таварруми зикршуда зарб кунед, то норасоии маҳсулоте, ки фурӯшандагон дар бораи он гап мезананд, ба даст оред.
Шояд пеш аз Соли нав, ид ва дигар рӯзҳои фароғат ширкатҳои фурӯши маҳсулот тавонанд фоидаи савдои худро кам кунанд — ва чи тавр деҳқонону яклухтфурӯшон онҳоро метавонанд дастгирӣ кунанд. Аммо ҳамин, ки аз 12 шаб гузашт, қатораи фаровони аврупоӣ метавонад ба рафҳои холӣ табдил ёбад ва сериву пурии пештара бухор мешавад.