Намояндаи махсуси президенти Қирғизистон оид ба супоришҳои махсус Таалатбек Масадиқов барои мулоқот бо намояндагони гуруҳи «Толибон»* ба шаҳри Кобули Афғонистон рафтааст. Дар ин бора ҷониби ҳаракати «Толибон»* иттилоъ доданд.
Масадиқов дар ҷараёни ин сафар бо Аббос Истонакзай, муовини аввали вазири умури хориҷӣ, Абдуғанӣ Бародар, муовини сарвазир ва Абдусалом Ҳанафӣ, муовини раиси ҳукумати «Толибон»*, дидору гуфтугӯ кардааст.
Ҷонибҳо масоили амнияти минтақа, рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷориву иқтисодӣ, равобити фарҳангӣ, долонҳои нақлиётӣ ва имкони ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
*ҳаракати мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистон