Дар шаҳри Пятигорск кормандони Хадамоти федералии бехатарии Россия аз ҳамлаи террористӣ дар шуъбаи полис пешгирӣ намуданд. Омодагии таркишро ҷонибдорони созмони террористии “Давлати исломӣ”* (созмони мамнуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) анҷом додаанд.
Аъзоёни гурӯҳ боздошт шуда, ҳангоми кофтуков аз онҳо ҷузъҳои бомба, рамзҳои созмони террористӣ, воситаҳои иртибот бо кураторҳо, ки мукотибаи ошкоршуда бо онҳо қасди ҷиноятиро тасдиқ мекунанд, мусодира гардид.
Ба гуфтаи Хадамоти федералии бехатарии Россия, боздоштшудаҳо ба гуноҳашон иқрор гаштаанд. Дар робита ба ин ҳодиса, аз рӯи моддаи «Тайёрӣ ба амали террористӣ» парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.