Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Россия баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон қабл аз бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Россия дар ҳайати пурра ҷамъ омад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар сатҳи тимҳои миллӣ дастаҳо бори аввал бо ҳам вомехӯранд. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз ёфта, тариқи шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол»-и Тоҷикистон, инчунин шабакаи «Матч ТВ»-и Россия ба таври мустақим намоиш дода мешавад.
Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Петр Сегрт дар ҳайати мунтахаби кишвар 27 бозигар дорад, ки 14 нафари онҳо легионер мебошанд. Дар дастаи миллӣ 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар тамрин мекунанд.