
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Леополдо Франсиско Сахорес – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқомат дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохўрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақваяти ҳамкориҳои минбаъда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аргентина дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда ҷиҳати равнақи соҳаи парвариши тухмии зироатҳои кишоварзии серҳосил ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа байни ду мамлакат ҳамкорӣ менамоянд.