Бо ташаббуси Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Ассосиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Бино ба иттилои ДДОТ ба номи Садриддини Айнӣ, зимни баргузории чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.ҳ., профессор Сангинзод Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Азимов М., роҳбари АКД Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марико Ҳигаши, намояндаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Олуфтаев Н. ва иборат аз 35 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки бо дастгириҳои молиявии АКД Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди самти таҳсилоти фарогир дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабиниҳои гуногун амалӣ гардида истодааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур то ин замон корҳои зерин иҷро гардиданд:
1. Гузаронидани курсҳои такмили ихтисос (тренингҳо) барои омӯзгорон ҷиҳати омӯхтани малакаҳои кор дар соҳаи таҳсилоти фарогир;
2. Ҷорӣ намудани муҳити осону дастрас (сохтани пандусҳо) барои донишҷӯёни дорои имкониятҳои маҳдуд, яъне бунёди роҳравҳо дар даромадгоҳи асосии ҳудуди биноҳои таълимӣ барои аробачаҳои маюбон;
3. Ташкил ва баргузор намудани дарсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯёни донишгоҳи мазкур бо ҷалби омӯзгорони соҳибихтисос, инчунин амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз дастрасии таҳсилоти олӣ барои нафарони дорои имкониятҳои маҳдуд.