3-4 декабр дар Ҷопон мусобиқаи Тоскулоҳи бузург доир мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 3 нафар варзишгари шинохта муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Саидова Шамсия, Котиби генералии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Малвина Хушқадамова хабар дод.
Ба иттилои номбурда, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони 62 кишвари дунё иштирок менамоянд. Варзишгарони иштирокчӣ дар маҷмӯъ 365 паҳлавон, аз ҷумла 214 марду 151 зан ташкил ташкил мекунанд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг, Сарахонов Муҳаммад 73 кг ва Нуралӣ Эмомалӣ 66 кг сафарбар шуданд.
Муқаррар шудааст, ки ғолибони ҳамаи вазнҳои ин мусобиқа 5 ҳазор евро мегиранд. Барандаҳои медалҳои нуқра 3 ҳазор евро ва соҳибони медалҳои биринҷӣ 1,5 ҳазор евроиро соҳиб хоҳанд шуд.
Дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Ҷопон дзюдочиён асосан барои роҳёбӣ ба Олимпиадаи Париж, ки дар соли 2024 баргузор мешавад, мубориза мебаранд.