Дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар он 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯён (магистрантон, аспирантон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок доранд.
Бино ба иттилои хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Дилнозаи Абдумалик, даври ниҳоии озмун аз рӯйи 5 номина сурат гирифта, дар он довталабон аз рӯйи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср маҳорати худро нишон медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад ва Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-156 тасдиқ шудааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва мебошанд.
Мақсад аз баргузории он дарёфти чеҳраҳои нав дар самти илму маориф, ҷалб намудани қишри ҷомеа ба китобу китобхонӣ мебошад.