4 декабр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ Форуми минтақавии Ҳамбастагии олимпӣ/Шӯрои олимпии Осиё барои кумитаҳои олимпии қора шуруъ шуд, ки то 7 декабр идома меёбад.
Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Абдуфаттоҳи Абдурауф иттилоъ доданд, дар форум намояндагони кумитаҳои миллии олимпии узви Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) ширкат доранд. Аз ҷумла Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ноиби Президент Дилшод Назаров ва котиби генералӣ Абдуллозода Муҳаммадшо намояндагӣ мекунанд.
Дар форум директори департаменти Бозиҳои варзишии Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон гуфт, ҳамоиши чоррӯза барои вакилони кумитаҳои олимпӣ заминаи комилеро фароҳам меоварад, то масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, бахусус омодагӣ ба ду бозии маҷмӯии OCA дар соли 2023: 19-ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Чин аз 23 сентябр то 8 октябр ва 6-ум Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Бангкок ва музофоти Чонбурии Тайланд аз 17 то 26 ноябр баррасӣ кунанд.
Аз номи Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Арабистони Саудӣ, директори иҷроия оид ба маркетинг ва равобит Абдулазиз Ал Бақус гуфт, ки форум ба кумитаҳои олимпӣ дар омодагӣ ба Париж-2024 низ кӯмак хоҳад кард.
Дар мавзӯи пандемияи Ковид-19, ӯ таъкид кард, ки бояд сиёсати ҳукумати Чинро роҳнамоӣ кунад, аммо гуфт, ки вазъ тағйир меёбад ва маҳдудиятҳо «ба таври ҷиддӣ беҳтар мешаванд».
Дар идомаи форум, ки то 7 декабр идома меёбад, масъалаи омодагиҳо ба 33-юм Бозиҳои олимпӣ дар Париж низ муҳокима мешавад.