Аз 29 ноябр то 3 декабри соли 2022 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон конференсияи байналмилалии “Мероси Иттиҳод дар осорхонаҳои ИДМ” баргузор гардид. Ин ҳамоиш даҳҳо муассисаҳои фарҳангӣ, садҳо мутахассисони соҳаҳои осорхона, эҷодӣ, маориф, инчунин рассомон, дизайнерон, муаллимон ва дар умум доираи васеъро бо ҳам гирд овардааст. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он намояндаи Осорхонаи миллӣ иштирок намуд.
Ба иттилои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар кори конференсия корманди шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Муминшоева Накубахт иштирок ва дар мавзуъи “Бозёфтҳои бостоншиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва инъикоси онҳо дар экспозитсия” маърӯза намуд.
Маврид ба зикр аст, ки бостоншиносони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” то кунун дар ҳудудҳои мухталифи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона корҳои бостоншиносӣ баргузор намуда, дар натиҷа осори зиёди гаронарзиш, ки натанҳо барои Тоҷикистон балки барои омӯзиши амиқи таърихи минтақа ва ҷаҳон нақши муҳими илмӣ ва таърихӣ доранд, кашф намудаанд. Ҳоло ин бозёфтҳо дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ барои аҳли ҷомеаи кишвар ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба тамошо бароварда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур дар доираи барномаи бардавоми маҷмаавии «Мероси Иттиҳод. Анъанаҳо барои оянда» аз соли 2014 инҷониб бо ташаббуси Осорхонаи умумирусиягии санъати ороишӣ ҳамасола дар кишварҳои мухталифи ИДМ баргузор карда мешавад.