Дирӯз аҳли фарҳангу маориф ва илми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ бо мақсади иштирок ва суханронӣ дар понздаҳумин Бунёди байналмилалии Иттиҳод (МФГС) ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафари хизматӣ анҷом доданд. Дар ин бораМирзошариф Абдусаломов, сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Дар ин сафар Назариён Обид Одилзода, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусаломов Мирзошариф, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, Субҳон Икромзода директори Агентии назорат дар соҳаи маориф, Раҳимзода Шариф директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Хушвахтзода Қобилҷон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Достизода Миралӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон,
Қурбонов Қобилҷон сардори раёсати байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Давлатназарова Зулфия муовини директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Носирова Фирӯза мудири лабораторияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок доранд.
Дар қисмати «Мероси фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳод» Назариён Обид Одилзода оид ба мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, маконҳои таърихии кишвар тариқи видеонавор намоиш дода шуд.