![Озмуни ҷумҳуривии «Китоби сол-2022» ҷамъбаст шуд](http://vot.tj/tj/wp-content/uploads/2022/12/photo_2022-12-15_10-02-39-850x560.jpg)
Озмуни ҷумҳуривии «Китоби сол-2022» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд. Озмун аз рӯи шаш номинатсия: назм, наср, публисистӣ, назми бачагона, насри бачагона ва тарҷумаи бадеӣ доир шуда, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Шаҳнози Муҳиддин хабар дод.
Озмун бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафи он дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, ба мавзӯи дирӯз, имрӯз ва фардои Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ин васила, арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ бахшида шудаанд.
Шартҳои асосии озмуниро маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар ба талаботи замони муосир ташкил доданд.