Имрӯз, 15 декабр дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуривии «Китоби сол-2022» ҷамъбаст гардид. Он аз рӯи шаш номинатсия: назм, наср, публисистӣ, назми бачагона, насри бачагона ва тарҷумаи бадеӣ доир шуд.
Бино ба иттилои хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Зулфия Сафарова, ғолибон бо иштироки олимону донишмандон, намояндагони Вазорати фарҳанг бо мукофотҳои пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Дар номинаи китоби назм: ҷои якумро «Ҳаҷми нигоҳ»-и Давлаталӣ Раҳмониён,ҷои дуюмро «Боғ дар оғӯши борон»-и Сафар Амирхон, ҷои сеюмро «Орзуи сабз»-и Абулқаҳҳори Мусо сазовор гардиданд.
Дар номинаи китоби наср: ҷои якумро «Зинаҳои дузахи»-и Ато Ҳамдам, ҷои дуюмро «Чароғи нигоҳ»-и Сайидаҳмади Зардон, ҷои сеюмро «Ҳар давру ҳар мард»-и Тоҳири Муҳаммадризо гирифтанд.
Дар номинаи асарҳои публисистӣ: ҷои якумро «Дастовез»-и Абдулҳамид Самад, ҷои дуюмро «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик»-и Абдураҳмон Абдуманонов, ҷои сеюмро “Офтобе дар миёни сояе”-и Беҳрӯзи Забеҳулло ишғол намуданд.
Дар номинаи асарҳои назми бачагона: ҷои якум ба «Машқи ҳисоб»-и Ҷӯра Ҳошимӣ, ҷои дуюм ба «Ширангубин»-и Раҳмат Назрӣ ва ҷои сеюм ба «Қанди додо»-и Нуруллои Ориф сазовор дониста шуд.
Дар номинаи асарҳои насри бачагона: «Саги кӯр»-и Маҷид Салим ҷои якум, «Тӯй дар беша»-и Гулчеҳра Маҳмадизода ҷои дуюм, «4+4»-и ТҶБ “Истиқбол” Бежани Баҳром ҷои сеюмро сазовор шуданд.
Дар номинаи асарҳои тарҷумаи бадеӣ: ҷои якумро “Аз Ховар то Бохтар”-и Муъмин Қаноат, ҷои дуюмро «Бир кеча йулда, Осори Саттор турсун “Шабе дар роҳ”»-и Амонбой Ҷумаев ва ҷои сеюмро «Афсонаҳои халқҳои ҷаҳон»-и Исобоева Саломат сазовор гардиданд.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур ҳамасола аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии муосири тоҷик мебошад.