
Устоди факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Мирганд Шабозов барандаи ҷоизаи “Ситораҳои Иттиҳод” гардид. Маросими супоридани ҷоизаҳои “Ситораҳои Иттиҳод” ва “Иттиҳоди дебютҳо” дар доираи Форуми XV зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд, хабар медиҳад ДМТ.
Форуми мазкур дар Тошканд баргузор шуда, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуданд. Дар чаҳорчӯби он ғолибон бо диплом, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома сарфароз гардонида шуданд.
Ёдрас мешавем, ки ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» барои дастовардҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму эҷод дода мешавад. Ҷоиза аз соли 2009 инҷониб ба олимону мутафаккирони соҳаҳои мухталиф мукофотонида мешавад.