
Бинёмин Нетаняҳу савганд ёд кард ва расман сарвазири Исроил шуд. Рақиби ӯ Яир Липид бидуни эътироз дасташро фишурда Кнессетро тарк кард, иттилоъ медиҳад радиои «Овози тоҷик» дар такя ба «Times of Israel».
Нашрия навиштааст, ки «боварӣ ба сарвазирро 63 нафар аз 64 узви эътилоф тасдиқ карданд». Аммо, новобаста ба ин, дар рӯзи савганд садҳо нафар ба бинои Кнессет омаданд, то эътирози худро баён кунанд. Намоишчиён, на танҳо нақшаҳои ҳукумати нав, балки ҳайати онро ҳам маъқул намешуморанд. Бархе аз вазирон борҳо ба фасод ё коста кардани эътимоди мардум муттаҳам шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ин панҷумин интихобот дар сеюним соли охир буд. Нетаняҳу қаблан ду маротиба — солҳои 1996-1999 ва 2009-2021 дар мақоми нахуствазири Исроил кор кардааст.
Ҳамин тавр, узви ҳизби» Ликуд» Амир Оҳана раиси Кнессет интихоб шуд. Баъди интихобот Исҳоқ Ҳерзог, Президенти Исроил, ташкили ҳукумати навро ба уҳдаи Нетаняҳу вогузор кард.