Кевин Маккарти, яке аз раҳбарони ҷумҳурихоҳи Амрико, баъди 15 маротибаи кӯшиш дар рӯзи чоруми овоздиҳии вакилони Конгресс, роҳбари Маҷлиси намояндагони ин кишвари абарқудрат интихоб шуд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии Конгресс иттилоъ дод.
Гуфта шудааст, ки Маккартии 57 сола дар ягон давраи рақобат меъёри овозҳоеро, ки қонун муайян кардааст, яъне райъи ҳама 218 вакилро ба даст наовард, ввале дар марҳилаи охирини овоздиҳӣ 6 вакили парлумон ба ҷонибдории ягон номзад овоз надоданд ва ин ба Маккарти имкон дод, ки раиси порлумон интихоб шавад. Ҳамин тавр, ба ӯ ҳамагӣ 216 нафар овоз доданд.
Интихоби раиси маҷлиси намояндагони Амрико ин навбат 4 рӯз идома ёфт ва он дар таърихи Конгресс бесобиқа аст, зеро ин интихобот солҳои қабл дар рӯзи аввал ҷамъбаст ва ғолиб фавран эълон мешуд.
Маккарти дар курсии роҳбари порлумони Амрико ба ҷойи Нэнси Пелосии демократ нишаст. Пелоси аз соли 2019 раҳбарии Маҷлиси намояндагонро бар дӯш дошт.