Ташрифи шарикони хориҷӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тоҷикистон бамаротиб афзудааст.
Тавре ки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Фатҳулло Ҷабборзода ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” ба Дилнозаи Абдумалик хабар дод, дар соли 2022 сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, намояндагони Донишгоҳи Ситии Малайзия, Дабири кулли Муколамаи Ҳамкории Осиё, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои тиҷоратии Юнон, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон ва дигарон ба Донишгоҳ ташриф оварданд.
Ба иттилои манбаъ, раёсати робитаҳои хориҷии Донишгоҳ бо 41 донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар ҳамкорӣ дорад.
“То ҳол бо Донишгоҳи менеҷменти Мумбай, Донишгоҳи Ҷаваҳарлал Неҳруи Ҳиндустон, Донишгоҳи Панҷоби Ҳиндустон, Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Сант Лонговали Ҳиндустон, Донишгоҳи Ситии Малайзия, Донишгоҳи Сегии Малайзия, Донишкадаи идоракунии амволи Малайзия, Донишгоҳи Маҳсаи Малайзия, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Донишгоҳи бизнес ва технологияи Гурҷистон, Донишгоҳи Гурҷистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмондории Қазоқистон, Донишгоҳи байналмилалии қазоқӣ-туркии ба номи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ, Донишгоҳи иқтисодиёт, молия ва савдои байналмилалии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии омӯзиши проблемаҳои объектҳои мероси фарҳангӣ ва рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ имзо шудааст”,- гуфт Фатҳулло Ҷабборзода.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шомили 5-гонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар эътироф гардид.