Дар қароргоҳи Дабирхонаи Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дар Риёз мулоқоти машваратии дуюми роҳбарияти Шӯрои мазкур бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, нишасти сафирон 16 январ доир шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он Акрам Каримӣ намояндагӣ намуд.
Дар нишаст натиҷаҳои ҷаласаи якуми муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ, ки 7 сентябри соли 2022 дар Риёз баргузор гардида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.