
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҷониши вазири илм, таҳқиқот ва техникаи Эрон Ваҳиди Ҳадодиасл масъалаи густариш ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, бахусус ҳамкориҳои аъзои ҳайати илмӣ ва пажуҳишгарони ду кишвар барои анҷом додани таҳқиқиотҳои илмии муштарак баррасӣ намуданд.
Тавре ки радиои “Овози тоҷик” дар такя ба хабаргузории ИРНА иттилоъ медиҳад, мулоқоти ҷонибҳо 17 январ соли равон сурат гирифта, дар он инчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок доштанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои тақвияти бештари ҳамкориҳои илмӣ а техникӣ таъкид намуда, барои таъсиси кумитаи ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ ба мувофиқа расиданд.
Президенти Академияи илмҳои Тоҷикисон Фарҳод Раҳимӣ ба алоқамандии кишвараш барои ҳамкори бо Эрон ишора карда, иброз дошт, ки табодули дастовардҳои илмии ду кишвар метавонад барои ҳамкриҳои илмии ду кишвар мусоидат намояд.