Намояндаи воломақоми Созмони ҷаҳонии Ислом оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг Билол Ашшобӣ бо Муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр мулоқот намуд. Дар вохурӣ масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мероси таърихию фарҳангӣ, санъат, осорхона, китобхона, табъу нашр ва дигар унсурҳои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зикр шуд, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Созмони ИСЕСКО махсусан намояндаи дафтари марказии ин созмон Билол Ашшобӣ дар соли 2022 як қатор ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳони ислом шомил карда шуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таҷрибавии кормандони соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ, омода кардани парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихӣ ва дигар масоили ҷорӣ табодули андеша карданд.
Дар ин робита тибқи дархости ҷониби ИСЕСКО пешниҳодҳои Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО барои панҷ соли оянда ба дафтари марказии созмон ирсол карда шуданд.
Мувофиқи гуфтаи намояндаи созмон пешниҳодҳои мазкур моҳи май- июни соли ҷорӣ дар Ҷаласаи навбатии ИСЕСКО мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби кишвари Тоҷикистон шаҳри бостонии Кӯлоб ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО дар соли 2024 пешниҳод карда шудааст. Пеш аз ин бошад шаҳри Душанбе соли 2010 ҳамчун Пойтахти фарҳангии ИСЕСКО эълон гардида буд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки намояндаи созмони мазкур зимни сафари худ дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар- тренинги омӯзишӣ барои кормандони соҳаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ба нақша гирифтаанд, ки он санаи 15- 16- и соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Атласи шаҳри Душанбе бо ҷалби коршиносони соҳа баргузор карда мешавад.