
Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Сурия ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳо рӯзҳои 21 ва 24 феврал дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд. Рақобатҳо соати 16:00 оғоз мегарданд.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) вомехӯрад.