Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Муовини мудири USAID оид ба масоили сиёсат ва барномасозӣ Изобел Коулма мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, Ҳакимзода Қурбон оид ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротии маҳсулотҳои кишоварзӣ маълумот дода, оид ба дастгирии барномаи USAID ва ҳамкорӣҳои минбаъда, амалӣ намудани ҳадафҳо, парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти органикӣ, воридоти дарахтони мевадиҳанда, истифодаи таҷрибаи кишоварзони Амрико, татбиқи дастовардҳои соҳаи илм дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ибрози назар намуд.
Муовини мудири USAID оид ба масоили сиёсат ва барномасозӣ Изобел Коулма ҳавасмандии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд баён намуда, барои имзои Созишнома байни USAID ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудо намудани маблағҳо ба таври мутазам барои рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷиҳати расидан ба ҳадафи таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳаллаи мушкилоти соҳа ибрози назар намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рӯзҳои наздик дар ҷиҳати имзои Созишнома чораҳои заруриро андешанд.