Доир ба оғоз кардани навори филми бадеиву таърихӣ дар бораи дӯстии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ бо иштироки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Раҳмонзода, Директори Агентии миллии «Узбеккино» Ф.Абдухаликов, муовини Директори “Узбеккино” Ш. Ризоев, Директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” М. Шоҳиён, муовини якуми Директори “Тоҷикфилм” Т. Раҳматуллоев ва коршиносони масоили филмсозӣ дар бинои «Узбекфилм» -и шаҳри Тошканд мулоқоти маҷозӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, дар рафти мулоқот тарафҳо фикру андешаҳои худро ҷиҳати ба итимом расонидани корҳои таҳририи филнома, филмномаи коргардонӣ, тасдиқи хароҷоти филм, баргузор кардани интихоби ҳунарпешагон аз ҳар ду ҷониб ва оғози филм изҳори назар намуданд. Барои вусъат бахшидани корҳо зарур шумориданд, ки дар ҳафтаи оянда миёни муассисаҳои номбаршуда “Харитаи роҳ» ба имзо расонида шавад.
Тарафҳо дар ҳамаи масъалаҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз нимаи дуюми соли ҷорӣ ба навори филм шуруъ мекунананд.