Рӯзи 20 феврали соли ҷорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуыаббор Раҳмонзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Аълоев мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои баимзорасида, мушкилоти ҷойдошта, густариши кооператсияи саноатӣ, ҳамкориҳо бо минтақаҳои озоди иқтисодӣ, вилоятҳо, инчунин баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Суҳбат дар фазои дӯстонаю бародарона ва таҳкими ҳар чи бештари ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ баргузор гардид.