Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо коршиноси байлалмилалии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон – Александр Сокол ва корманди аршадеи ЮНИСЕФ мулоқот доир гардид. Ҳадафи он рушди робитаҳои илмию таълимӣ мебошад.
Бино ба иттилои ДМТ, дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар самти амалишавии лоиҳаи “Барномаи рушди касбии устодони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ” ва роҳҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ миёни донишкада ва ЮНИСЕФ табодули афкор намуданд.