Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлуро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, аснои дидор ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои СММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаро матраҳ намуданд.
Дар фарҷом вазири корҳои хориҷӣ бо изҳори сипос аз фаъолияти пурсамари С.Синаноғлу дар Тоҷикистон, ки ба анҷом расид ба мавсуф муваффақият ва бурдбориҳоро таманно намуд.