
Бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази сайёҳӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ДМТ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар маркази мазкур имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуда, дастовардҳои устодону донишҷӯёни ихтисоси мазкур ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Дар баробари ин дар марказ корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, озмоишӣ, баргузории конфронсҳо ва вохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст.
Зикр шуд, ки дар ташаккул ва рушди сайёҳӣ нақши мутахассисони соҳибкасби миллӣ муҳим мебошад.