Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо намояндагони ширкати «AVIC INT» (AVIC International Holding Corporation)-и Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии корӣ анҷом дод. Дар доираи мулоқот ҳавопаймои чинии «Y-12E» муаррифӣ гардид.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик дар такя ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар медиҳад, намояндагони ширкати чинии «AVIC INT» иброз доштанд, ки ин навъи ҳавопаймо барои истифода дар манотиқи кӯҳӣ мувофиқ буда, имкони парвозу нишаст дар хати парвозии кӯтоҳ ва мумфаршнашуда дорад. Ҳавопаймоҳои сохти «Y-12E» ҳавопаймоҳои сабуки самаранок мебошанд, ки аз ҷониби Корпоратсияи саноатии авиатсионии Чин (AVIC) истеҳсол шудаанд. Ҳавопаймои «Y-12У» 18-20 ҷойи нишаст дошта, ҳам барои интиқоли мусофирон ва ҳам барои боркашонӣ муносиб мебошад.
Бояд гуфт, ки «AVIC International Holding Corporation» яке аз бузургтарин ширкатҳои тиҷоратии Чин буда, асосан ба саноати авиатсионӣ тахассус ёфтааст ва ба Корпоратсияи давлатии саноати авиатсионии Чин шомил мебошад.