Имрӯз, 23 феврал Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба раванди музокирот оид ба Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта миёни ҷонибҳо ҳусни оғоз бахшиданд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқоти ҳайатҳои ҳар ду ҷониб зери роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода ва Муовини департаменти Хадамоти амалиёти берунаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо Русия, Шарикии Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва САҲА Люк Девин зикр гардид, ки бо назардошти рушди босуботи Тоҷикистон ва гуногунҷанба шудани робитаҳои мутақобила зарурати бознигарӣ кардани Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории аз соли 2005 амалкунанда ба миён омадааст.
Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта дар баробари густариши робитаҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои савдо ва тиҷорат, инчунин ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсату амният ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мусоидат хоҳад кард.