Аз 3 то 5 март бо иштироки 384 варзишгар (205 мард, 179 зан) аз 52 давлат дар Узбекистон мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2023 баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар он 13 варзишгар (11 мард, 2 зан) муаррифӣ мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, тими мунтахаби кишвар қабл аз ин мусобиқа бо роҳнамоии мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тору дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади машқии 10-рӯза фаро гирифта шуданд. Дар ин ҷамъомад, ҳамчунин варзишгарони Клуби ҷудои «Мори»-и шаҳри Иркутски Федератсияи Россия ширкат карданд.
Чун анъана мо дар рӯзи аввал сабқатҳоро дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардҳо, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон тамошо мекунем. Рӯзи дуюм мусобиқаҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардҳо, -63кг, -70кг миёни бонувон сурат мегиранд. Мусобиқа бо қувваозмоии паҳлавонон дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардҳо, -78кг, +78кг миёни бонувон ба анҷом мерасад. Ғолибони ҳар вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ мегиранд.