
Варзишгари навраси тоҷик Алиҷон Сулаймонӣ дар Бозиҳои дуюми зимистонаи Бачаҳои Осиё дар шаҳри Кузбасси Русия дар лижаронии кӯҳӣ, слаломи калон сазовори медали тилло шуд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.
Бозиҳои 2-юми зимистонаи «Бачаҳои Осиё» 23 феврал дар шаҳри Кузбасси вилояти Кемеровои Федератсияи Русия оғоз гардида, 5 март ба анҷом мерасанд.