Санаи 7 марти соли 2023 вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи сармоягузорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо дар доираи дарёфти самтҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея табодули назар карданд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.