Шаби 9 март ҳайати варзишгарони шинохтаи тоҷик пас аз иштирок дар мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2023» оид ба гӯштини ҷудо бо як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба ватан баргаштанд.
Варзишгарони тоҷикро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздикону пайвандон, ҳаводорони ҷудои мамлакат ва намояндагони соҳаи варзиш гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 5 марти соли равон дар Узбекистон мусобиқаи «Tashkent Grand Slam 2023» доир гардид. Дар он 27 нафар ҷудочиён варзида аз 10 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Паҳлавонони шинохтаи тоҷик Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг медали тилло ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медали биринҷиро ба даст оварданд.